Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ДИИШ консули Туркия дар Мавсилро гаравгон гирифт


Хабаргузориҳо аз ишғоли консулгарии Туркия ва гаравгон гирифтани кормандони он дар шаҳри Мавсили Ироқ иттилоъ доданд. Франс-Пресс рӯзи чоршанбе, 11 июн, бо такя ба як корманди полиси Ироқ навишт, ки мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ) баъд аз ишғоли бино консули Туркия ва 24 тан аз муҳофизону ёварҳои ӯро бо худ бурданд.

Ба иттилои сокинони маҳаллӣ, мусаллаҳони “Давлати исломии Ироқ ва Шом” субҳи рӯзи чаҳоршанбе Мавсил - яке аз бузургтарин шаҳрҳои Ироқро таҳти итоати комили худ қарор доданд. Афроди мусаллаҳ дар биноҳои ҳукуматӣ мустақар шуда, хиёбонҳоро назорат мекунанд. Рӯзи 11 июн афроди мусаллаҳ шаҳри Байҷӣ, воқеъ дар канори Мавсилро ҳам забт карданд. Бар пояи хабарҳо, корхонаи коркарди нафт, ки аз он тақрибан 250 муҳофизи мусаллаҳ дифоъ мекунанд, дар муҳосираи афроди мусаллаҳ қарор гирифтааст. Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои ахир мусаллаҳони ДИИШ ҳамчунин шаҳри Фалуҷҷаҳ ва як бахши шаҳри Ромадӣ, маркази вилояти Анборро, таҳти назорат қарор доданд.

Созмони байнулмилалии муҳоҷират, мақараш дар Женева, рӯзи чаҳоршанбе, хабар дод, ки тайи чанд рӯзи ахири шаҳри Мавсил ва атрофи онро тақрибан 500 ҳазор ироқиҳо тарк намуданд.

Қарор аст, ки парлумони Ироқ рӯзи панҷшанбе пешниҳоди нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ барои ҷорӣ кардани вазъи изтирорӣ дар кишварро баррасӣ кунад. Рӯзи чаҳоршанбе вазири умури хориҷии Ироқ Ҳушёр Зебарӣ хабар дод, ки Бағдод ба хотири аз Мавсил берун кардани гурӯҳи Давлати исломии Ироқ ва Шом бо нерӯҳои пешмарги курдҳо ҳамкорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG