Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин қимати газро барои Украина 100 доллар пойин бурд


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи чаҳоршанбе эълом дошт, ки Маскав барои сад доллар коҳиш додани қимати ҳазор метр мукааб газ барои Украина омода аст. Яъне, Киев бояд барои ҳазор метри мукааб гази Украина на 485, балки 385 доллар пардохт кунад. Путин ва вазири энерҷии Русия Александр Новак изҳор намуданд, ки ҳукумат омода аст тайи як сол боқӣ мондани ин қиматро кафолат диҳанд. Сарвари Русия ҳушдор дод, ки агар Киев ин пешниҳодро рад кунад, “мо вориди давраи комилан дигар хоҳем шуд”.

Вазири энерҷии Украина Юрий Продан аллакай хабар дод, ки Киев ин пешниҳодро қабул надорад ва омода аст баррасии ин мавзӯъро дар ихтиёри додгоҳи байнулмилалии арбитражии Стокҳолм гузорад.

Рӯзи чаҳоршанбе дар Брюссел даври шашуми музокироти сеҷониба – Русия, Украина, Иттиҳодияи Аврупо оид ба газ шурӯъ шуд. Музокироти қаблӣ ноком анҷом ёфтанд. Маскав барои он пойфишорӣ дорад, ки Киев барои гази истифодакардааш тақрибан 2,5 миллиард доллар пардозад. Аммо мақомоти Украина пардохти газро бо пойин бурдани қимати он марбут мекунанд.

Аз ин пеш Русия санаи ҷорӣ кардани пешпардохт барои газеро, ки ба Украина интиқол меёбад, аз 10 то ба 16-уми июн мавқуф гузошт. Дар ин бора шоми сешанбе раиси ширкати “Газпром” Алексей Миллер баъд аз мулоқот бо раиси Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо оид ба энерҷӣ Гюнтер Эттингер дар Брюссел хабар дод.
XS
SM
MD
LG