Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Бохтар» аз мусобиқаи лигаи аввал хориҷ шуд


Дастаи «Бохтар»-и ноҳияи Бохтар бо қарори кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ҳайати ширкаткунандагони мусобиқаи лигаи авали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе хориҷ шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ин тасмим баъди бесабаб ба бозӣ бо «Ҳосилот»-и Фархор ҳозир нашудани «Бохтар» гирифта шуд. «Бохтар» дар мусобиқаи имсола камтар аз 50 дарсади бозиҳоро анҷом додааст. Бинобар ин бар асоси Регламент ё дастури мусобиқа натоиҷи бозиҳояш бо дастаҳои дигар бекор карда мешавад.

Ба ин тартиб, дар лигаи аввал дар минтақаи Душанбе 9 даста муборизаро идома медиҳад.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе

Даври 5-ум
«НУРИ НОРАК» - «ЛОКОМОТИВ» - 5:1
Голҳо: Некрӯз Козимов, 18 (1:0). Некрӯз Козимов, 41 (2:0). Шоҳназар Назаров, 46 (3:0). Сафармурод Мавлонов, 79 (3:1). Шоҳназар Назаров, 84 (4:1). Аъзам Қурбонов, 86 (5:1).

«САРОЙКАМАР» - «КӮКТОШ» - 4:1
Голҳо: Хуршед Ямоқов, 27 (1:0). Хуршед Ямоқов, 63 (2:0). Дилшод Ниҳолов, 75 (3:0). Ҳомиди Арҷманд, 81 (3:1). Ҳусейн Ёқубов, 90 (4:1).

«ҲУЛБУК» - «ҲОСИЛОТ» - 0:0
«Пахтакор» - «Чашма» - 1:2
Голҳо: Далер Ҳакимов, 16 (0:1). Фаррух Абдураҳмонов, 29 (1:1). Эраҷ Неъматуллоев, 61 (1:2).

Даври 6-ум

«ЛОКОМОТИВ» - «ЧАШМА» - 1:0
Гол: Бахтиёр Бӯриев, 16.

«ҲОСИЛОТ» - «ПАХТАКОР» - 2:2
Голҳо: Бахтиёри Усмон, 56 (1:0). Фаррух Абдураҳмонов, 82 – аз пеналтӣ (1:1). Фаррух Абдураҳмонов, 86 (1:2). Субҳон Амиров, 90+2 – аз пеналтӣ (2:2).

«ПАНҶШЕР» - «ҲУЛБУК» - 3:1
Голҳо: Амин Ҳотамов, 63 (1:0). Юрий Кудров, 74 (2:0). Одилҷон Менгиёров, 88 (2:1). Равшан Азизов, 90+2 (3:1).

«НУРИ НОРАК» - «САРОЙКАМАР» - 2:1
Голҳо: Некрӯз Козимов, 34 (1:0). Ҳусейн Ёқубов, 49 (1:1). Шоҳназар Назаров, 59 (2:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ ДАСТАҲО БҒМБТИ
1«Саройкамар» (Панҷ)641115-813
2«Кӯктош» (Рӯдакӣ)540116-812
3«Нури Норак» (Норак)622210-88
4«Чашма» (Шаҳритус)52217-68
5«Панҷшер» (Румӣ)521212-67
6«Ҳулбук» (Восеъ)51316-76
7«Локомотив» (Душанбе)61237-205
8«Ҳосилот» (Фархор)50324-103
9«Пахтакор» (Қабодиён)50237-112

Нишонзанҳои беҳтарин: Худойдод НУСРАТОВ («Кӯктош») – 8 тӯб, Хуршед ЯМОҚОВ («Саройкамар»), Саидакбар ЮНУСОВ («Панҷшер»), Шоҳназар НАЗАРОВ, Некрӯз КОЗИМОВ (ҳарду - «Нури Норак»), Фаррух АБДУРАҲМОНОВ («Пахтакор») – 4-тӯбӣ.

Даври 7-ум:
14-уми июн (шанбе)
Оғози бозиҳо - соати 18:00

«Саройкамар» - «Локомотив»
«Ҳулбук» - «Кӯктош»
«Пахтакор» - «Панҷшер»
«Чашма» - «Ҳосилот»
XS
SM
MD
LG