Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезӣ дар Парон монеъи бозиҳои Ҷоми футбол намешавад


Бар асари обхезӣ дар вилояти Парони Бразилия нӯҳ нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо ҳазори дигар манзилҳояшонро тарк намуданд. Ба иттилои раёсати ҳолатҳои изтирории вилоят, аз обхезӣ, ки бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои ахир рӯй дод, беш аз сад шаҳру шаҳрак осеб дидаанд. Рудхонаҳо аз соҳилҳо берун шуда, ҳаракати нақлиёт дар роҳҳоро номумкин карданд.

Аз обхезӣ пойтахти вилоят – шаҳри Куритиба, ки он ҷо рӯзи панҷшанбе бояд чанд бозии Ҷоми футболи ҷаҳон-2014 баргузор шавад, низ зарар дидааст. Аммо як мансабдори аршади шаҳрдорӣ Алваро Борба ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки ба варзишгоҳ ва маркази тамрини футболбозон осебе нарасидааст ва дастаи мунтахаби Испания тамринҳояш дар ин шаҳрро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG