Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як қочоқчӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон


Дар як тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон як қочоқчӣ кушта шудааст. Аз дафтари матбуоти Оҷонсии назорати давлатии маводи мухаддир хабар доданд, ки шаби 10-уми июн кормандони ин оҷонсӣ ҳамроҳ бо марзбонон дар мавзеъи «Панҷ» аз убури ғайриқонунии марз пешгирӣ кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳангоми убури ду қочоқчӣ аз марз миёни онҳо ва марзбонони тоҷик тирпаронӣ рух дода, ки як нафар аз қочоқчиён кушта нафари дигар гурехтааст. Исми қочоқчии кушташуда Ғаффор валади Абдуғафур, сокини вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз будааст. Аз ҷои ҳодиса як силоҳи оташфишон ва 16 кило маводи мухаддир ёфт шудааст, ки 3 килои он ҳероин будааст.
XS
SM
MD
LG