Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба ҳавзаи нави футбол - "Осиёи Миёна" - шомил шуд


Тоҷикистон дар кунгураи Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) ба таъсиси ҳавзаи наве дар футболи ин қора раъй додааст.

Дар кунгураи АФК ва кунгураи 64-уми ФИФА, ки рӯзҳои 9-11-уми июн дар Сан-Паулои Бразил баргузор шуд, Тоҷикистон ба таъсиси ҳавзаи наве дар футболи Осиё раъй додааст.

Тибқи иттиллои хабаргузориҳо, дар ин ҳавзаи нави футбол Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон шомил мебошанд ва ҳавзаи "Осиёи Миёна" номида хоҳад шуд.

Ин ҳавзаест, ки кишварҳои аъзо дар он аз ҷиҳати обу ҳаво, фарҳанг ва забон бо ҳам муштаракоте доранд.Таъсиси ин ҳавзаи нав дар футболи Осиё аз сӯи Эрон ва Афғонистон пешниҳод шуда ва дар кунгураи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 11-уми июн дар Бразил аз 45 кишвари аъзо 43 кишвар ба он раъйи мувофиқ доданд.

Дар кунгураи АФК ва кунгураи 64-уми ФИФА дар Бразил Хуршед Мирзоев, муовини аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли ФФТ ва Дилшод Ҷӯраев, раиси федератсияи футболи Душанбе, узви кумитаи иҷроияи ФФТ, ширкат доранд.

Ҳайати вакилони ФФТ ба мисли ҳамаи ширкаткунандагони кунгура ба тамошои бозии нахустини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014, ки 12 –уми июн (ба вақти Душанбе соати 01:00 13-уми июн) байни дастаҳои мунтахаби Бразил ва Хорватия баргузор мешавад, даъват шудаанд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ аз соли 1994 узви АФК ва ФИФА мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG