Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров аз қарори Украина истиқбол кард


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, аз қарори ҳукумати Украина барои боз кардани як гузаргоҳи башарӣ дар маҳаллаҳои даргирӣ дар шарқи ин кишвар истиқбол кард. Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина рӯзи 10-уми июн гуфт, ки барои пешгирӣ аз қурбон шудани одамон дар ҷанг бо ҷудоихоҳони тарафдори Русия коридори башарие боз мекунанд. Сергей Лавров рӯзи 10-уми июн гуфт, поён додан ба амалиёти низомӣ алайҳи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина барои хотимаи бӯҳрон дар ин кишвар бисёр муҳим аст. Сергей Лавров дар ин бора дар як нишасти хабарии муштарак бо ҳамтоёни олмонӣ ва лаҳистонии худ дар Санкт Петербург суҳбат кард. Франк Валтер Штейнмайер, вазири умури хориҷии Олмон дар ин нишаст гуфт, ки “ҳамаи тарафҳо барои фӯру нишондани бӯҳрон” дар Украина омодаанд.
XS
SM
MD
LG