Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, барои созиш саъй хоҳад кард


Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, гуфт, кишвараш тамоми кори мумкинро мекунад, то созиш дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ ҳосил шавад. Ҳасан Рӯҳонӣ дар як ҳамоиши иқтисодӣ дар шаҳри Анкараи Туркия рӯзи 10-уми июн гуфт, “Эрон тамоми саъйашро мекунад, то созишномаи ниҳоӣ бо гурӯҳи панҷ бар изофаи як ба даст биёяд.” Ба ин гурӯҳ Амрикову Чину Русия, Фаронсаву Бритониё панҷ узви доимии Шӯрои Амният ва Олмон шомиланд. Баёнияи Рӯҳонӣ дар рӯзе садо дод, ки рӯзи дуввуми музокироти намояндагони Эрон ва Амрико дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон дар шаҳри Женева идома кард. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаоро пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG