Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манзураи 14-сола як ҳафта боз бедарак аст


Манзура Ҳамидова

Манзура Ҳамидова

Манзура Ҳамидоваи 14-сола, хонандаи синфи 7-и гимназияи исломии Душанбе як ҳафта боз бедарак аст ва на мақомоту на пайвандонаш натавонистаанд, то ба ҳол нишоне аз вай пайдо кунанд.

Манзура Ҳамидова, хонандаи синфи 7-и яке аз мактабҳои Душанбе як ҳафта боз бедарак шудааст. Ба гуфтаи пайвандонаш, Манзура рӯзи 3-юми июни соли 2014 соати 10-00 дар истгоҳи «Голубой экран»-и шаҳри Душанбе ба микроавтобуси тамғаи Mercedes Sprinter, хатсайри №33 савор шуда, вале то ба истгоҳи назди хонаашон нарасидааст. Пайвандони Манзура Ҳамидова бо ирсоли як нома ва акси ӯ аз хонандагони сомонаи Радиои Озодӣ хостааанд, ки барои пайдо намудани духтари 14-солаашон кӯмак кунанд.

Абдулҳаким Зиёев, яке аз пайвандони Манзура рӯзи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Манзура Ҳамидова рӯзи 3-юми июн аз ин истгоҳ ба микроавтобуси хатсайри рақами 33 савор шуда мебоист то ба "Корвон", ки манзилашон дар ҳамин маҳаллаи атрофи бозор воқеъ аст, мерафт. Аммо дар ин хатсайр бедарак шуда ва касе намедонад, ки вай ба куҷо рафтааст.

Абдулҳаким Зиёев гуфт, Манзура рӯзи 3-юми июн дар тан либосҳои миллии рангаш сурх доштааст. Ба гуфтаи наздикони ин духтар, онҳо рӯзи 4-уми июн ба мақомоти корҳои дохила дар хусуси гум шудани Манзура ба таври хаттӣ муроҷиат кардаанд.

Манзура Ҳамидова дар гимназияи исломии шаҳри Душанбе дар синфи 7-ум мехонад. Наздикони Манзура Ҳамидова аз ҳама хоҳиш кардаанд, ки дар ҳолати дидани ин духтар ба онҳо бо шумораҳои зер дар тамос шаванд:

985 37 65 63
378 80 65 63
985 22 92 92

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG