Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Наврӯз» дар Сочи севум шуд


Дастаи «Наврӯз»-и ноҳияи Шаҳринав барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти кушодаи умумирусиягӣ оид ба футбол байни дастаҳои хонаҳои бачагон ва мактаб-интернатҳо гардид.

Дар ин мусобиқот, ки бо номи «Оянда аз ту вобаста аст» аз 26-ум то 30-юми май дар Сочи баргузор шуд, 22 дастаи зӯртарин аз Русия, Тоҷикистон, Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ барои ҷоизаи аслӣ - сафар ба Лондон барои меҳмонӣ ба бошгоҳи футболи «Арсенал» - мубориза бурданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ду даста - Помир»-и Душанбе (мактаб-интернати № 1) дар гурӯҳи бачаҳои хурдсол ва «Наврӯз»-и ноҳияи Шаҳринав (Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ) дар гурӯҳи бачаҳои калонсол - намояндагӣ карданд.
Дастаи «Наврӯз» барои ҷойи севум бар тими Туваи Русия бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд ва бо Ҷому медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.

Мусобиқаи умумирусиягӣ оид ба футбол байни дастаҳои хонаҳои бачагон ва мактаб-интернатҳо «Оянда аз ту вобаста аст» барои бори 9-ум барпо гардид. Дар ин муддат дар ин мусобиқот беш аз 1300 даста ва ҳудуди 20 000 кӯдакон аз Русия, Латвия, Абхазистон, Тоҷикистон ва Осетияи Ҷанубӣ ширкат кардаанд.

Ташкилкунандагони мусобиқот, ки Ширкати «МегаФон», Иттиҳодияи футболи Русия, вазоратҳои варзиш ва маорифи Русия, инчунин, Бунёди хайриявии «Футбол - ба кӯдакон» мебошанд, барои ширкаткунандагони марҳилаи ниҳоӣ барномаи шавқовару дилхушкунанда (шоми шиносоӣ дар соҳили баҳр бо озмунҳои рангину ҷоизаҳо, мастер-класс аз ситораҳои футбол, дарсҳои фристайли футбол аз рекордсмени ҷаҳон Виктор Сарёв, сафари ҷолиб ба делфинарийи шаҳри Сочи ва ғайра) пешкаш намуданд.

Бояд гуфт, ки аз моҳи феврал то марти соли 2014 бозиҳои интихобӣ дар беш аз 70 шаҳрҳои Русия, Латвия, Тоҷикистон, Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ бо ширкати 673 даста баргузор шуданд. Ғолибони гурӯҳҳо бо ҷоизаи аслӣ - сафар ба Лондон барои меҳмонӣ ба бошгоҳи футболи «Арсенал» - мушарраф шуданд.

Натоиҷи мусобиқоти 9-уми кушодаи умумирусиягӣ оид ба футбол байни дастаҳои хонаҳои бачагон ва мактаб-интернатҳо бо номи «Оянда аз ту вобаста аст»:

Гурӯҳи бачаҳои хурдсол: 1. «Смена», вилояти Новосибирск (мактаб-интернати Мошков). 2. «Спартаковетс», Ҷумҳурии Бошқирдистон (Хонаи бачагони Бирск). 3. «Звезда», Хабаровск (Хонаи бачагони №6).

Гурӯҳи бачаҳои калонсол: 1. «Спартак», Ҷумҳурии Бошқирдистон (Хонаи бачагони Бирск). 2. «Каховские ромашки», Маскав (Мактаб-интернати №24). 3. «Наврӯз», ноҳияи Шаҳринави Ҷумҳурии Тоҷикистон (Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринав)
XS
SM
MD
LG