Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ сарбози хориҷӣ дар Афғонистон кушта шуданд


Панҷ сарбози Нерӯҳои байналмилалии кӯмакҳои амниятӣ ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон дар ҳодисае дар ҷануби Афғонистон кушта шудаанд. Бар тибқи баёнияи НАТО, аз рӯзи 10-уми июн ҳамаи ин сарбозон рӯзи 9-уми июн ҷон додаанд. Ҷузъиёти ҳодиса ва ҳуввияти сарбозони талафшударо ошкор накардаанд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, сарбозони хориҷӣ дар “оташи тасодуфӣ” ба ҳалокат расидаанд. Аз аввали имсол то кунун 36 сарбози НАТО дар Афғонистон кушта шудаанд. Қарор аст, то охири имсол аксари нерӯҳои ҷангии хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG