Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон иддаои ҳамла ба Абдуллоҳро рад кард


Тасним Аслам
Тасним Аслам
Покистон иддаои Афғонистонро дар ин бора, ки гӯё Покистон дар талоши сӯиқасд ба ҷони Абдуллоҳ Абдуллоҳ-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон даст дорад, рад кард. Ин ҳамла ҳафтаи гузашта сурат гирифта буд.

Абдуллоҳ номзади пештози интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонсион аст. Ин интихобот 14 июн баргузор мешавад. Дар ин ҳамла 12 нафар кушта, 40 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Дафтари Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, расидагиҳои ибтидоӣ гувоҳӣ медиҳад, ки “як ожонси кашфи кишвари хориҷӣ” ва гурӯҳи тундрави Лашкари Таибаи Покистон дар ин талоши суиқасд даст доранд.

9 июн хонум Тасним Аслам-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Покистон гуфт, “мо ба таври ҷиддӣ рад мекунем, ки Покистон дар ин ҳамлаи нанговар даст надорад”. Хонум Тасним гуфт, Исломобод аз иддаои ғайримасъулона ба таври амиқ нигарон аст.
XS
SM
MD
LG