Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду Толиби узбактабори Тоҷикистон боздошт шуданд


Матбуоти Афғонистон гузориш додааст, ки пулиси вилояти Қундузи ин кишвар ду толиби тоҷикистониро боздошт кардаанд. Саидсарвар Ҳусайнӣ -корманди расмии пулиси Қундуз 9 июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки ду нафар бо номҳои Комил ва Умар шиносоӣ шудаанд ва онҳоро шаби гузашта нируҳои амниятӣ боздошт кардаанд.

Бино ба гуфтаи Ҳусайнӣ, ду нафар эътироф кардаанд, ки узбактабор ҳастанд ва аз Русия ба Афғонистон рафтаанд. Шахси севвум, ки ин ду нафарро ҳамроҳӣ мекард, шаҳрванди Покистон буд. Вай нахост таслим шавад ва ҳангоми боздошт худро тарконд.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми гузаштан аз марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон боздошт кардаанд ва вай талош доштааст, ки ба Толибони Афғонистон бипайвандад.
XS
SM
MD
LG