Пайвандҳои дастрасӣ

Ба фурудгоҳи Карочӣ Толибони Покистон ҳамла кардаанд


Ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ

Ҳамла ба фурудгоҳи Карочӣ

Толибони Покистон масъулияти ҳамлаи маргбор ба фурудгоҳи Карочиро бар дӯш гирифтаанд. Карочӣ бузургтаин фурудгоҳи ин кишвар аст ва дар натиҷаи ҳамла дастикам 28 нафар кушта шудаанд. Тундравҳо бо мусалсалу норинҷак ва рокетандоз ба терминали фурудгоҳи байналмиллалӣ нимашаби 8 июн ҳамла бурдаанд.

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки шӯришиён дар либоси афсарони амният ва камарбандҳои тарканда вориди фурудгоҳ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, баъд аз чанд соати поксозии фурудгоҳ аз вуҷуди тундравҳо бомдоди 9 июн бори дигар даргирӣ рух додааст.

Низомиён мегӯянд, ки 10 нафари ҳамлакунандагон кушта шудаанд. Дар миёни кушташудагон 8 корманди амниятии фурудгоҳ ва 4 корманди парвозҳои байналмиллалии Покистон низ ҳастанд. 26 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар як занги телефонӣ ба бахши покистонии радиои Озодӣ Толибони Покистон, яъне Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтаанд ва гуфтаанд, ки ин кор интиқом барои куштори Ҳакимуллоҳ Меҳсуд-раҳбари Таҳрики Толибони Покистон будааст. Ҳакимуллоҳ соли гузашта дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG