Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш медали гуштигирони навраси тоҷик дар Остона


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасон барои ҷоизаҳои бошгоҳи варзишии “Бастау” –и Остона дар Қазоқистон шаш медал ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасон барои ҷоизаҳои бошгоҳи варзишии “Бастау” –и Остона дар Қазоқистон, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, шаш медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки байни наврасони солҳои таваллудашон 2001-2002 баргузор шуд, ҳудуди 100 гуштигири ҷавон аз Қазоқистону Тоҷикистон ширкат доштанд. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон шаш варзишгар аз бошгоҳҳои “Вастан”-и Душанбе, “Бохтар” ва бошгоҳи ба номи Ҷангихон Давлатов дохил буданд.

Паҳлавонони навраси тоҷик ба ватан бо чаҳор медали тилло ва ду нишони нуқра баргаштанд. Шаҳром Рамазонов (вазни 42 кг), Сӯҳроб Саидшоев (50 кг) ва Шаҳроми Бахтиёр (66 кг) – ҳарсе аз бошгоҳи “Вастан”, инчунин, Сулаймони Ҷамшед (46 кг, “Бохтар”) дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Фатҳиддини Саидмуъмин (38 кг, “Вастан”) ва Саидшоҳи Ҷавҳаршо (42 кг, бошгоҳи ба номи Ҷангихон Давлатов), ки ҷойҳои дувумро гирифтанд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Дар сабқати дастаӣ байни писарон мунтахаби шаҳри Қарағандаи Қазоқистон ғолиб шуд. Дар сабқати духтарон тими мизбон – бошгоҳи варзишии “Бастау”-и Остона – мақоми аввалро касб кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Аҳтам Раҷабов, мураббии калони бошгоҳи варзишии “Вастан”, рӯзи 9-уми июн хабар дод.
XS
SM
MD
LG