Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко: Ҷангҳо дар шарқ бояд "ҳамин ҳафта" қатъ шавад


Петро Порошенко
Петро Порошенко
Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки ҷангҳои маргбор дар шарқи ин кишвар бояд «ҳамин ҳафта» қатъ шавад. Вай дар изҳороти 8 июн гуфт: «Барои ман ҳар рӯзе, ки одамон мемиранд, ҳар рӯзе, ки Украина баҳои гарон медиҳад, ғайриқобили қабул аст».

Порошенко илова кард, ки «барқарор кардани марзҳои Украина барои замонати амнияти ҳар шаҳрванди ин кишвар «ногузир» аст. Раиси ҷумҳур ин суханонро баъд аз як рӯзи маросими савганди худ ба забон овард. Ин суханон ҳамчунин баъд аз мулоқоти сафири Русия дар Украина садо дод. Дар ин мулоқот фиристодаи САҲА низ ширкат дошт.

Ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия баъзе аз биноҳои ҳукуматиро дар шарқи Украина ба тасарруфи худ дароварданд, бо вуҷуди он ки амалиёти нируҳои ҳукуматӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG