Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ аз Туркия боздид мекунад


Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон ба хотири таҳкими муносибатҳои дуҷониба як боздиди муҳим аз Туркия анҷом медиҳад. Ин ду кишвар барои таъсир ва нуфузи бештар дар минтақа бо ҳам рақобат мекунанд ва роҷеъ ба ҷангҳои Сурия ихтилофи амиқи назар доранд.

Дар як изҳорот пеш аз сафар ба Туркия Рӯҳонӣ дар Теҳрон дар бораи «зарурат»-и таҳкими ҳамкориҳои миёни Эрону Туркия дар ҳамаи арсаҳо сӯҳбат кард.

Хабаргузории ИСНО аз қавли Рӯҳонӣ гуфтааст, ки беҳбуди муносиботи дуҷониба барои тамоми минтақа «муҳим» аст. Бино ба гузориши матбуоти Эрон, дар ҷараёни боздиди дурӯза Рӯҳонӣ бо мақомоти Туркия масъалаҳои энержӣ, тиҷорат ва ровобити иқтисодиро баррасӣ мекунад. Рӯҳонӣ бо Абдуллоҳ Гул-раиси ҷумҳур ва Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия мулоқот анҷом медиҳад.

Эрон ва Туркия дар бораи ҷангҳои Сурия бо ҳам ихтилофи назар доранд. Туркия аз мухолифони Сурия ва Эрон аз режими Башор Асад ҳимоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG