Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Латвия имрӯз ба Тоҷикистон меояд


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълом кард, ки дар ҷарёани сафари расмии раиси ҷумҳури Латвия панҷ санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо мерасад.
Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 9 июн зимни брифинги матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Андрис Берзинш, раиси ҷумҳури Латвия шоми имрӯз вориди шаҳри Душанбе хоҳанд шуд ва сафари расмии вай то рӯзи чоршанбеи 11 июн идома пайдо мекунад.

Ба гуфтаи ҷаноби Атоев, дар ҷараёни сафари расмӣ, раиси ҷумҳури Латвия бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ, ҳамчунин нахуствазир Қоҳир Расулзода ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дидору гуфтугу хоҳад кард. Ба таъкиди сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар поёни сафари расмии Андрис Берзинш миёни Тоҷикистон ва Латвия панҷ санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо мерасад.

Ҳамзамон дар чорчӯби сафари расмии Андрис Берзинш, анҷумани соҳибкорони тоҷику латвонӣ баргузор мешавад ва раиси ҷумҳури Латвия аз Осорхонаи Миллии Тоҷикистон дидан хоҳад кард. Масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафари расмии Андрис Берзинш ба Тоҷикистонро ҳамчун саҳифаи нав дар робитаҳои дуҷониба арзёбӣ карда, умедворанд, ки натиҷаҳои ин сафар барои густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф кумак хоҳад кард.

Равобити дипломатии Тоҷикистон ва Латвия ба таърихи 11 май соли соли 1994 оғоз шудааст. Тибқи гузоришҳои расмӣ тиҷорати байни Тоҷикистону Латвия дар соли 2013 ббеш аз 66 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон ба Латвия асосан пахтаву алюминий содир карда, аз ин кишвари соҳили Балтик бештар мошин, нуриҳои минарерӣ, маводи нафтӣ, дорувор ворид мекунад. Баъд аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябр, Андрис Берзинш нахустин раҳбари як кишвари узви Иттиҳодияи Аврупост, ки аз Душанбе расман боздид мекунад.
XS
SM
MD
LG