Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 18 нафар дар таркишҳо дар Ҷалуллаи Ироқ


Дар Ироқ бар асари таркишҳо дар канори қароргоҳи ҳизби Иттиҳоди ватандӯстони Курдистон, ки ба он раисиҷумҳур Ҷалоли Толибонӣ раҳбарӣ мекунад, дасти кам 18 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамлаҳо дар шаҳри Ҷалулла, воқеъ дар 125 километрии шимолу шарқи Бағдод, сурат гирифтанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, аввал дар канори қароргоҳи ҳизб як мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор кард, сипас он ҷо як маргталаб худро тарконд.

Дар ин ҳодиса тақрибан 55 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба биноҳои атроф ва чандин мошин ҳам осеб расидааст.
XS
SM
MD
LG