Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав, Киев ва Брюссел мушкили газро баррасӣ мекунанд


Мулоқоти навбатии сеҷонибаи Русия, Иттиҳодияи Аврупо ва Украина оид ба масоили газ рӯзи 9 июн дар Брюссел баргузор мешавад. Дар ин бора хабаргузориҳои Маскав рӯзи якшанбе бо такя ба намояндаи вазорати энерҷии Русия хабар доданд. Дар мавриди он ки дар ин нишаст кадом мавзӯъҳо баррасӣ мешаванд ва ҷонибҳо сари қимати газ ба тавофуқ расидаанд ё на, алҳол иттилое зери даст нест.

Рӯзи 10 июн мӯҳлати зарбулаҷали ширкати “Газпром” ба Киев дар мавриди ҳалли мушкили пардохти маблағ барои газ поён меёбад. Агар Киев то ин рӯз қарзашро пардохт накунад, Русия аз ин баъд газашро ба Украина фақат баъд аз пешпардохт хоҳад фурӯхт. Дар ин ҳолат, ба навиштаи хабаргузории РИА Новости, рӯзи 11 июн интиқоли газ аз Русия ба Украина қатъ хоҳад шуд.

Аз ин пеш вазири энерҷии Украина Юрий Продан изҳор карда буд, ки Киев аз “Газпром” бо қимати 480 доллар барои ҳазор метри мукааб газ хариданӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, Киев тавони пешакӣ пардохт кардани маблағ бо ин қиматро ҳам надорад.
XS
SM
MD
LG