Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Ас-Сисӣ дар Қоҳира савганд ёд мекунад


Дар Қоҳира, пойтахти Миср, рӯзи якшанбе, 8 июн, маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоб, генерал Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ баргузор мешавад. Дар шаҳр ва ба вижа дар атрофи бинои Додгоҳи Қонуни асосӣ, ки маросими савганд он ҷо сурат мегирад, чораҳои бесобиқаи амниятӣ андешида шуданд.

Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи гузашта ба дарёфти тақрибан 97 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй муваффақ шуд. Ӯ дар барканории раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсӣ дар тақрибан як соли пеш нақши калидӣ дошт ва баъд аз он пуштибонии бахши аъзами мардуми Мисрро ба даст овард.

Нерӯҳои амниятии Миср зимни саркӯбии ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин”, ки Мурсиро ба қудрат расонд, садҳо нафар аз ҷонибдоронашро кушта, ҳазорони тани дигарро боздошт карданд. То имрӯз беш аз 1000 нафар аз ҷонибдорони “Ихвон-ул-муслимин” ба қатл маҳкум шуданд. Додгоҳи Миср рӯзи шанбе, 7 июн, боз даҳ тан аз раҳбарони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин”-ро ба эъдом маҳкум кард.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, қарор аст ҳукми 38 тан аз фаъолони дигари ин ҷунбиш, аз ҷумла, роҳбарони он Муҳаммад Бадеъ моҳи оянда эълон шавад. Раҳбарони "Ихвон-ул-муслимин" дар таҳрик барои хушунат дар Миср дар моҳи июли соли гузашта айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG