Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастури Карзай барои таҳқиқи ҳамла ба корвони Абдуллоҳ Абдуллоҳ


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай рӯзи якшанбе,8 июн, ҳайатеро масъули тафтиши ҳодисаи сӯиқасди ноком ба ҷони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзад ба мақоми сарвари ояндаи кишвар кард. Ба иттилои Радиои Афғонистони Озод, раисиҷумҳур аз ҳайати ташкилшуда хост, ки давоми як ҳафта натиҷаҳои баррасиҳояшро эълон кунад.

Дар ҳамлаи маргталабонаи рӯзи ҷумъа, 6 июн, ба корвони Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул шаш нафар, аз ҷумла, се муҳофизи ӯ кушта ва 24 нафари дигар захмӣ шуданд. Худи доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурд.

Ҳомид Карзай омилони ҳамла ба сиёсатмадори маъруфро "душманони тараққӣ ва саодати кишвар" хондааст. Ӯ афзудааст, ки бо вуҷуди чунин ҳамлаҳо, даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд ва "Афғонистон як ҷаҳиши бузургеро ба сӯи сулҳу оромӣ таҷриба хоҳад кард".

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул ҳамла ба корвони мошинҳои Абдуллоҳ Абдуллоҳро накӯҳиш намуда ва онро алайҳи раванди демократӣ номидааст.

Дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки қарор аст рӯзи 14 июн баргузор шавад, Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо собиқ вазири молияи Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай сабқат мекунад. Дар давари аввал доктор Абдуллоҳ 45 дар сад ва рақиби ӯ 31,6 дар сади раъйҳоро соҳиб шуда буданд.
XS
SM
MD
LG