Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи IV байналмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар Боку мақоми чорумро касб кард.

Футболбозони навраси тоҷик рӯзи 5-уми июн барои ҷойи севум аз тими мизбон - Озарбойҷон-1 бо ҳисоби бузурги 0-4 шикаст хӯрданд. Голҳо: Саид Ибодов, 12 (1:0). Саид Ибодов, 28 (2:0). Зиё Азизов, 36 (3:0). Амин Сейдиев, 58 (4:0)

Ин мусобиқаи анъанавӣ барои чорумин бор дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 дастаи мунтахаб баргузор шуд. Футболбозони навраси тоҷик, ки дар гурӯҳи «С» бо 4 имтиёз мақоми аввалро касб карданд, нахустин бозиашонро 29-уми май бо дастаи Ҷопон бо ҳисоби 1-1 анҷом дода буданд. Ба як голи ҷопониҳо Сироҷиддин Гулмуродов, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар замони изофӣ (80+2) посух дод.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувум рӯзи 30-юми май бар дастаи Гурҷистон бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд. Се голро ба дарвозаи гурҷиҳо Муҳаммадҷони Ҳасан, 3 (1:0), Эҳсони Панҷшанбе, 30 (2:0) ва Худойдод Узоқов, 54 (3:0) ворид карданд. Як голро Алишер Сафаров (79) ба дарвозаи дастааш зад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 3-юми июн аз тими Туркия бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд. Тӯби ягонаро футболбозони турк дар дақиқаи 67-ум вориди дарвозаи дастаи Тоҷикистон карданд.

Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ мунтахаби Эрон тими наврасони Озарбойҷонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ба ин тартиб, дар бозии ҳалкунанда, ки 5-уми июн баргузор шуд, тими Эрон бар дастаи Туркия бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард ва бо Ҷоми Каспий-2014 мукофотонида шуд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаби наврасон дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий-2014: 1. Эрон. 2. Туркия. 3. Озарбойҷон-1. 4. Тоҷикистон. 5. Ҷопон. 6. Булғористон. 7. Қирғизистон. 8. Узбакистон. 9. Гурҷистон. 10. Озарбойҷон-2. 11. Қазоқистон. 12. Афғонистон.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ба ҳайати даста 18 футболбозро дохил карда буд.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми Каспий-2014:
Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Шаҳром Исмоилов («Вахш»).
Ҳимоятгарон: Сироҷиддин Гулмуродов («Нури Норак»), Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (ҳарду – «Истиқлол»), Абубакр Азимов («Равшан»), Алишер Баротов («Вахш»), Сӯҳроб Мирзоев (РШВСМ).
Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов («Вахш»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Ҳокимҷон Ҳасанов («Энергетик»), Ҷамшед Махсумов, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарду – «Истиқлол»).
Ҳамлагарон: Собирҷон Гуляков, Муҳаммадҷон Шарифов (ҳарду – РШВСМ), Рустам Толибов (ССКА «Помир»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).

Дарвоқеъ, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий барои бори севум ширкат кард. Соли гузашта футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар сабқати гурӯҳи «D» дар нахустин бозиашон аз тими Уругвай бо ҳисоби 0:3, дар бозии дувумашон аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бидуни имтиёз дар гурӯҳи худ дар ҷойи охирин қарор гирифтанд.

Баъдан дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии севуми худ барои ҷойҳои 9-12-ум бар тими Урдун бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ниҳоят, футболбозони тоҷик дар бозии чаҳорум ва охиринашон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, мақоми 9-умро касб карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG