Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирослав Ниёзов - сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон


Парлумони Қирғизистон рӯзи 7 июн номзадии Мирослав Ниёзов ба мақоми сафири кишвар дар Тоҷикистонро пазируфт. Дар ин симат ӯ Умрат Саралиевро иваз мекунад, ки аз 20 октябри соли 2010 раҳбарии идораи дипломатии Қирғизистон дар Душанберо бар ӯҳда дошт. Дар ин бора хабаргузориҳои қирғиз иттилоъ доданд.

Мирослав Ниёзов, сиёсатмадори маъруфи қирғиз, 62 сол дорад. Ӯ дар мақомҳои муовини вазири амнияти миллӣ, Дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон кор карда баъд аз истеъфо дар соли 2006 раҳбарии ҳизби Эл-ормони ва ҷунбиши ҷамъиятии “Барои эҳёи давлатдории Қирғизистон”-ро бар ӯҳда дошт.

Мирослав Ниёзов аз ин пеш – аз соли 2001 то соли 2005 ҳам сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG