Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдорони ИМА ва Эрон дар Женева мулоқот мекунанд


Вазорати умури хориҷии ИМА хабар дод, ки мансабдорони аршади кишвар ва Эрон рӯзҳои 9 ва 10 июн дар Женева мулоқот мекунанд. Ин дидору гуфтугӯ дар арафаи даври навбатии музокироти Теҳрон ва “шашгона” - Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон оид ба барномаи ҳастаии Эрон сурат мегирад.

Масъулини вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи 7 июн хабар доданд, ки ба ҳайати кишвар муовини вазир Билл Бёрнс раҳбарӣ мекунанд. Маҳз Бёрнс бо мақомоти эронӣ музокироти махфӣ анҷом дода буд, ки бар асари он рӯзи 24 ноябри соли гузашта созиши муваққати Теҳрон ва “шашгона” ҳосил шуд. Ба ҳайати Амрико миёнҷигари аршад бо Эрон, уивни вазири умури хориҷа Вендӣ Шерман ҳам шомил аст.

Мулоқоти мансабдорони амрикоиву эронӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки музокироти моҳи гузашта миёни шашгона ва Эрон дар шаҳри Вена ба мушкил мувоҷеҳ шуд ва ҷонибҳо ҳамдигарро ба талабҳои ғайривоқеъӣ айбор намуданд.
XS
SM
MD
LG