Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Давлати исломии Ироқ ва Шом" донишҷӯёнро гаравгон гирифт


Мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” устодону донишҷӯёни донишгоҳи шаҳри Ромадиро гаравгон гирифтанд. Ба иттилои полис, ҳамла ба хобгоҳи донишгоҳ рӯзи шанбе 7 июн сурат гирифт, ҳамлагарон муҳофизонро ҳадафи тир қарор дода, купрукеро, ки сӯи дарвозаи асосӣ мебарад, таркониданд.

Нерӯҳои амнияти Ироқ атрофи хобгоҳро муҳосира кардааст.

Гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” аз охирҳои моҳи декабри соли гузашта ба ин сӯ шаҳри Фалуҷҷаҳ ва як қисми шаҳри Ромадӣ, маркази вилояти Анборро таҳти назорат дорад.

Ба иттилои Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, бар асари идомаи набардҳо вилояти Анборро тақрибан 480 ҳазор нафар аз сокинони маҳаллӣ тарк намуданд. Намояндаи ин ниҳод Адриан Эдвардс рӯзи ҷумъа дар Бағдод изҳор намуд, ки СММ се моҳ пеш аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хоста буд то барои кӯмак ба осебдидагон аз низоъ дар вилояти Анбор 19 миллион евро ҷамъ оварад. Аммо то ин рӯз, ба гуфтаи ӯ, ҳамагӣ 12 дар сади ин маблағ ҷамъоварӣ шудаасту халос.
XS
SM
MD
LG