Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Киев маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби Украина баргузор шуд.

Петро Порошенко субҳи 7 июн дар нишасти тантанавии Верховная Рада суханронӣ кард ва баъдан маросим дар майдони София идома ёфт.

Баъд аз савганд Петро Порошенко дар парлумон суханронӣ кард ва изҳор намуд, ки Украина ба сулҳ, амният ва ваҳдат ниёз дорад. Сарвари нави Украина изҳор намуд, ки ба зудӣ аз манотиқи шарқии кишвар дидан хоҳад кард ва ба мардум тарҳи ироаи мухторият ба ин минтақа ва кафолати истифодаи забони русӣ дар минтақаро пешниҳод хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки барои таъини интихобот ба мақомоти маҳаллии Донбасс омода аст ва аммо афзуд, ки Украина кишвари воҳид аст ва ҳукумат ба федерализатсия розӣ нахоҳад шуд.

Петро Порошенко аз ҷудоихоҳон хост, ки силоҳ ба замин гузоранд ва гуфт, онҳое, ки дасташон олудаи хун нест, афв мешаванд, барои зархаридҳо долон барои тарки Украина муқаррар хоҳад шуд.

Сарвари Украина ғасби нимҷазираи Қрим аз сӯи Русияро маҳкум кард ва гуфт, ки Қрим замини Украина буд ва хоҳад монд. Ӯ ҳамчунин мутмаин аст, то он замоне, ки робитаи Киев бо Маскав хуб нашавад, шаҳрвандони Украина худро дар амн эҳсос нахоҳанд кард. Петро Порошенко ҳамчунин изҳор намуд, ки Киев барои узвият ба Иттиҳодияи Аврупо талош хоҳад намуд.

Дар маросими савгандёдкунӣ ҳайатҳои расмии 60 кишвар, аз ҷумла, сарону нахуствазирони 23 кишвар, аз ҷумла, сарони Лаҳистон, Белорус ва Литва, раисиҷумҳури федеролии Швейсария, раиси Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман ван Ромпей, муовини Дабири кулли СММ Ҷеффри Фелтман ҳузур доштанд.

Ба ҳайати ИМА ноиби раисиҷумҳур Ҷо Байден, сенатор Ҷон Маккейн ва ёвари вазири умури хориҷӣ Виктория Нуланд шомиланд. Аз Русия дар ин маросим сафири кишвар дар Украина Михаил Зурабов намояндагӣ.мекунад.

Аз ин пеш Петро Порошенко изҳор карда буд, ки баъди расман ба ифои вазифа шурӯъ карданаш барномаи мусолиматомезу бурунравии кишвар аз бӯҳронро ироа хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, ба ин барнома, аз ҷумла, афви ширкаткунандагони бенизомиҳо ва ироаи мухторият ба баъзе манотиқи Украина шомил аст.

Петро Порошенко дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 25 май ба дарёфти 54, 7 дар сади раъйҳои интихобкунандагон муваффақ шуд.

Дар ҳамин ҳол авзоъ дар шарқи Украина ноором боқӣ мемонад. Дмитрий Тимчук, раҳбари Маркази мутолеоти низомиву сиёсии Украина, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки рӯзи шанбе бар асари аз сӯи ҷулоихоҳон тирборон шудани постгоҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар наздикиҳои маҳаллаи Билбасовкаи ноҳияи Славянски Донетск ду низомии украинӣ ҷароҳат бардоштанд.

Хабаргузории Интерфакс бо такя ба ҷудоихоҳони рустабор иттилоъ дод, ки шоми ҷумъа ва шаби шанбе бар асари аз сӯи низомиёни украинӣ тирборони шаҳри Славянск ва шаҳраки Черевковка се сокини осоишта кушта шуда, чанд каси дигар ҷароҳат бардоштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG