Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко савганд ёд кард


Дар шаҳри Киев маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби Украина Петро Порошенко баргузор шуд. Ӯ субҳи 7 июн дар нишасти тантанавии Верховная Рада суханронӣ кард ва акнун маросим бояд дар майдони София идома кунад.

Дар маросими савгандёдкунӣ ҳайатҳои расмии 60 кишвар, аз ҷумла, сарону нахуствазирони 23 кишвар, аз ҷумла, сарони Лаҳистон, Белорус ва Литва, раисиҷумҳури федеролии Швейсария, раиси Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман ван Ромпей, муовини Дабири кулли СММ Ҷеффри Фелтман ҳузур доранд.

Ба ҳайати ИМА ноиби раисиҷумҳур Ҷо Байден, сенатор Ҷон Маккейн ва ёвари вазири умури хориҷӣ Виктория Нуланд шомиланд. Аз Русия дар ин маросим сафири кишвар дар Украина Михаил Зурабов намояндагӣ.мекунад.

Аз ин пеш Петро Порошенко изҳор карда буд, ки баъди расман ба ифои вазифа шурӯъ карданаш барномаи мусолиматомезу бурунравии кишвар аз бӯҳронро ироа хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, ба ин барнома, аз ҷумла, афви ширкаткунандагони бенизомиҳо ва ироаи мухторият ба баъзе манотиқи Украина шомил аст.

Петро Порошенко дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 25 май ба дарёфти 54, 7 дар сади раъйҳои интихобкунандагон муваффақ шуд.

Дар ҳамин ҳол авзоъ дар шарқи Украина ноором боқӣ мемонад. Дмитрий Тимчук, раҳбари Маркази мутолеоти низомиву сиёсии Украина, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки рӯзи шанбе бар асари аз сӯи ҷулоихоҳон тирборон шудани постгоҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар наздикиҳои маҳаллаи Билбасовкаи ноҳияи Славянски Донетск ду низомии украинӣ ҷароҳат бардоштанд.

Хабаргузории Интерфакс бо такя ба ҷудоихоҳони рустабор иттилоъ дод, ки шоми ҷумъа ва шаби шанбе бар асари аз сӯи низомиёни украинӣ тирборони шаҳри Славянск ва шаҳраки Черевковка се сокини осоишта кушта шуда, чанд каси дигар ҷароҳат бардоштааст.
XS
SM
MD
LG