Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Порошенко бо ҳам мулоқот карданд


Дафтари раёсати ҷумҳурии Фаронса мегӯяд, ки Барак Обама ва Владимир Путин-руасои ҷамоҳири Амрико ва Русия дар ҳошияи маросимҳои солгарди D-Day бо ҳам мулоқот кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки қабл аз ин мулоқот Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ва Петро Порошенко-раиси ҷумҳури мунтахиби Укриана дар Фаронса дар чаҳорчӯбаи барномаҳои баргузории маросимҳои марбут ба D-Day ё рӯзи фуруд омадани нируҳои ҳампаймон дар соҳили Нормандияи Фаронса мулоқт карданд.

Дар ин мулоқот Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ширкат дошт. Ин мулоқот баъд аз дидори раҳбарони ҷаҳон ва ширкати онҳо дар маросими D-Day анҷом гирифт. Пеш аз ин мулоқот Путин ва Меркел бо ҳам дидор ва гуфтугӯ доштанд.

Баъзе манобеи расмии Фаронса мегӯянд, ки Путин ва Порошенко қабл аз оғози зиёфати расӣ 15 дақиқа бо ҳам гуфтугӯ кардаанд ва дасти якдигарро фишурдаанд.
XS
SM
MD
LG