Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Маскав


Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Маскав худро ба дор овехтааст. Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, санаи 4 июни соли ҷорӣ соати 19:25 дар боздоштгоҳи рақами 3 шаҳри Москва шаҳрванди Тоҷикистон Назриев Шералӣ Файзалиевич, соли таваллудаш 1980, ки ба гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда буд, худро ба дор овехтааст. Ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз утоқҳои боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) –и шаҳри Москва пайдо шуд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистон дар сардхонаи рақами 10-и шаҳри Москва қарор дорад. Кормандони Хадамоти консулгарии сафорат ин ҳодисаро зери назорати худ гирифта бо масъулини боздошгоҳи тафтишотӣ шаҳри Москва дар ҷараён ҳастанд ва ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ, ки ин шаҳрвандамно истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия мебошад, хабар расониданд.
XS
SM
MD
LG