Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон ба низоми электронии худ мегузарад


Ҳукумати Узбакистон тасмим гирифтааст, ки ҳамаи мукотибаҳои расмии худро тавассути шабакаи электронии миллии худ анҷом хоҳад дод. Барои ин кор дар Узбакистон шабакаи umail.uz боз шудааст.

Як манбаъ дар ҳукумати Узбакистон, ки нахост аз худ ном бибарад, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки кобинаи ин кишвар дар ҷаласаи 4 июн тасмим гирифтааст, ки гузариш ба шабакаи umail.uz ҳар чӣ зудтар сурат бигирад.

Кобина гуфтааст, ҳадаф густариши интернети дохилӣ ва ҳамоҳанг сохтани мукотибаи миёни ниҳодҳои ҳукуматӣ мебошад. Umail.uz моҳи апрели соли 2013 ташкил шуда буд, вале то ҳол танҳо 55 ҳазор нафар дар он аъзо шудаанд.
XS
SM
MD
LG