Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба Абдуллоҳ ва гурӯҳҳои вай дар Кобулу Форёб


Саҳнаи таркиш ва ҳамла ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Саҳнаи таркиш ва ҳамла ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Ду бам дар назди меҳмонсарое дар ғарби Кобул ҳангоме таркид, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ-номзади пештози мақоми раёсати ҷумҳурӣ бо ҷонибдоронаш раҳпаймоӣ анҷом медод.

Абдуллоҳ гуфт, ки мошини вай дар инфиҷори бами роҳ осеб бардоштааст, вале худи вай зарар надидааст. Касе ё нируе то ҳол масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Абдуллоҳ пештози мусобиқаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аст, ки 14 июн баргузор мешавад. Вай бо Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай-вазири пешини молии Афғонистон рақобат мекунад.

Ҳам Аҳмадғанӣ Ашрафзай ва ҳам Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунӣ ин ҳамларо маҳкум кардаанд ва гуфтаанд, ки ин кори дасти “душманони Афғонистон” аст ва мехоҳанд, ки “равандҳои демократиро ба ҳам зананд”.

Дар як ҳодимаи дигар 6 июн шӯришиён генерал Абдулмалик-раҳбари маъракаҳои интихоботии доктор Абдуллоҳ дар вилояти Форёбро ҳадаф қарор додаанд. Абдулмалик ба радиои Озодӣ гуфтааст, ки вай ва бародараш аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурдаанд, вале як посбони онҳо кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG