Пайвандҳои дастрасӣ

Диду боздиди раҳбарон дар Нормандия дар D-Day


Барак Обама ва Франсуа Олланд дар соҳили Нормандия

Барак Обама ва Франсуа Олланд дар соҳили Нормандия

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико зимни суханронии худ дар маросими 70 солагии фуруди 150 000 нафар нируҳои ҳампаймон дар Нормандияи Фаронсаро, ки бо номи Ди-Дей (D-Day) машҳур аст, рӯйдоди муҳим дар таърихи башарият номид.

Вай гуфт, фуруд омадани нируҳо дар соҳил оғози марҳилаи нави қарни демократӣ шуд. Мавҷи муборизаҳои муштарак барои озодӣ дар D-Day ба шино даромад ва он дар зиндагии насли нав идома дорад.

Обама ин суханонро дар сари қабристоне ба забон овард, ки дар он тақрибан 10 ҳазор сарбози Амрико дар ҷараёни фуруд омадан кушта ва дар он ҷо дафн шуда буданд.

Умедвориҳо вуҷуд дорад, ки дар ин ҳамоиш танишҳо барои бӯҳрони Украина коҳиш меёбад. Бино ба гузоришҳо, Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса талош хоҳад кард, ки дар ҳошияи ин ҳамоиш Путин ва Петро Порошенко-раиси ҷумҳури мунтахаби Украинаро ба ҳам биёрад ва онҳо ба якдигар даст диҳанд. Чунин кор қадами аввал дар роҳи коҳиши танишҳо хоҳад буд.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия як ҷо бо раҳбарони Фаронсаву Олмон, Британияву Канада ва Украина дар маросимҳои фуруди нируҳо дар Нормандия ширкат мекунад.

Раҳбарони Фаросаву Олмон ва Британия бо истифода аз ин маросимҳо мехоҳанд ба таври алоҳида бо Путин дар бораи бӯҳрони Украина сӯҳбат кунанд.
XS
SM
MD
LG