Пайвандҳои дастрасӣ

Ба корвони мошинҳои Абдуллоҳ суиқасд карданд


6 июн, Абдуллоҳ ҳангоми мулоқот

6 июн, Абдуллоҳ ҳангоми мулоқот

6 июн дар қисмати ғарбии Кобул дар беруни меҳмонсарое, ки ҷонибдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ яке аз ду номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон анҷом медоданд, ду бам таркид.

Номзад Абдуллоҳ-вазири пешини корҳои хориҷаи Афғонистон гуфт, ки мошини вай дар ин таркиш осеб бардоштааст, вале худи вай зарар надидааст.

Вай гуфт, ки шумораи номаълуми посбонони вай ҷароҳат бардоштаанд. Сиддиқ Сидиқӣ-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон гуфтааст, ки 4 нафар кушта, чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар миёни захмиҳо одамони Абдуллоҳ низ ҳастанд.

Абдуллоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон номзади пештоз аст ва дар даври дуввум бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG