Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар сохтмони Масква-Ситӣ амалиёти боздошт анҷом гирифт


Масква-Сити, сохтмони маркази тиҷоратии Маскав

Масква-Сити, сохтмони маркази тиҷоратии Маскав

Пулис ва нируҳои Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия тақрибан 400 муҳоҷири эҳтимолан ғайриқонуниро дар Маскав боздошт кардаанд. Мақомоти расмии вазорати корҳои дохилаи Русия мегӯянд, ки ин муҳоҷирон дар ҷараёни як амалиёти вижа 5 июн дар Масква-Сити дар сохтмони маркази тиҷоратии пойтахти Русия боздошт шудаанд.

Бештари муҳоҷирони кории боздоштшуда аз Тоҷикистону Молдова ва Украинаву Узбакистон будаанд. Пулис мегӯяд, ки онҳо гузаштаи ҳар муҳоҷири боздоштшударо тафтиш мекунанд ва интизор меравад, ки онҳоро ба кишварашон депорт ё истирдод кунанд.

Пулис ва Хадамоти Федеролии Муҳоҷират ҳамаи сохтмони ин муҷтамаи тиҷоратиро низ бозрасӣ мекунанд. Дар ин ҷо дар охири моҳи май байни муҳоҷирон задухурд ба амал омада буд ва муҳоҷирони зиёди корӣ ҷароҳат бардошта буданд.
XS
SM
MD
LG