Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони ҷаҳон дар Нормандия гирдиҳам омаданд


Раҳбҳрони ҷаҳон дар Нормандияи Фаронса гирдиҳам омадаанд, то дар маросимҳои бузургдошти 70 солагии фуруди нируҳои ҳампаймон дар соҳили Нормандия дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон ширкат ҷӯянд. Дар ин маросим Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия чун руасои ҷамоҳири кишварҳои дигар Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва раҳбарони Фаронсаву Олмон, Британияву Канада гирдиҳам омадаанд.

Умедвориҳо вуҷуд дорад, ки дар ин ҳамоиш танишҳо барои бӯҳрони Украина коҳиш меёбад. Бино ба гузоришҳо, Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса талош хоҳад кард, ки дар ҳошияи ин ҳамоиш Путин ва Петро Порошенко-раиси ҷумҳури мунтахаби Украинаро ба ҳам биёрад ва онҳо ба якдигар даст диҳанд. Чунин кор қадами аввал дар роҳи коҳиши танишҳо хоҳад буд.

5 июн дар Бруссел раҳбарони 7 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ 7 ба Путин ҳушдор доданд, ки агар Русия ба фаъолиятҳои нооромкунандаи вазъ дар шарқи Украина хотима надиҳад, ҳамаи бахшҳои иқтисоди ин кишвар мавриди таҳримҳои бештар қарор хоҳанд гирифт. Ҷӣ 7 ҳамчунин гуфт, ки Путин бояд Порошенкоро чун раиси ҷумҳури ояндаи Украина ба расмият шиносад.
XS
SM
MD
LG