Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шаҳри Самарраи Ироқ мавриди ҳамлаи мусаллаҳони наздик ба шабакаи “Ал-Қоида” қарор гирифт. Хабаргузории France-Presse бо такя ба полис ва табибон навиштааст, ки дар ин ҳамла шаш нафар кушта ва 24 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамлагарон чанд шаҳру шаҳрак ва бархе аз мавзеъҳои атрофи Самарраро таҳти назорат қарор доданд.

Бар пояи хабарҳо, гурӯҳҳои тундрав аз чанд самт вориди шаҳри Самарра шуданд. Онҳо як постгоҳро тирборон карда, чанд корманди полисро ҳадафи тир қарор доданд ва мошинҳои онҳоро оташ заданд.

Аз моҳи яквари соли равон шаҳри Фалуҷҷаҳ ва чанд маҳаллаи шаҳри Ромадӣ, воқеъ дар вилояти Анбор аз сӯи мусаллаҳони гурӯҳи “Давлатии исломии Ироқ ва Шом” назорат мешаванд.
XS
SM
MD
LG