Пайвандҳои дастрасӣ

Обама хостори ҳамкории Маскав бо Петр Порошенко шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз мақомоти Русия даъват кард, ки бо раисиҷумҳури тозаинтихоби Украина Петр Порошенко ҳамкорӣ кунанд. Ин изҳорот рӯзи панҷшанбе, 5 июн, дар нишасти хабарии муштараки Обама ва нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон дар Брюссел садо дод, ки он ҷо нишасти сарони ҳафт кишвари пешрафтаи олам баргузор шуд.

Дэвид Еэмерон, дар навбати худ, дар робита ба Украина гуфт, ки ба бӯҳрон дар ин кишвар бояд хотима бахшид.

Аз ин пеш ширкаткунандагони нишасти G-7 ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи эъмоли таҳримҳои нав дар сурати идомаи нооромсозии авзоъ дар Украина ҳушдор доданд.

Маскав хабар дод, ки дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби Украина Петр Порошенко аз Русия сафири кишвар дар Киев Михаил Зурабов намояндагӣ хоҳад кард. Михаил Зурабов охирҳои моҳи феврал бино бар ноором шудани авзоъ дар Украина барои машварат ба Маскав эъзом шуда буд.

Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Украина, сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Амрико, Канада, ва кишварҳои Қафқоз, ҳамчунин раҳбарони созмонҳои байнулмилалӣ барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Петр Порошенко дар рӯзи 7 июн даъват шудаанд. Сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин қасди ширкат дар ин маросимро надорад. Аз ин пеш Путин дар мусоҳиба бо хабарнигорони фаронсавӣ дар робита ба Порошенко гуфта буд, "ман фикр мекунам, ки ҷаноби Порошенко шонси фавқулоддае дорад ва чун дастони ӯ то ҳол олудаи хун нашудаанд, ӯ метавонад ин амалиёти маҳвсозиро қатъ ва гуфтушуниди мустақим бо мардуми худ дар шарқу ҷануби кишвари худро шурӯъ кунад.

Владимир Путин афзуд, ки ӯ омода аст дар чаҳорчӯби таҷлил аз 70-солагии интиқоли ҳампаймонҳо дар Эътилофи зиддиҳитлерӣ аз Нормандия замони ҷанги дуввуми ҷаҳон бо раисиҷумҳури тозаинтихоби Украина мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG