Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Рамазон Раҳимзода аз афзоиши ҷиноятҳои ахлоқӣ


Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар як ҷаласаи фаврӣ аз афзоиши ҷиноятҳои ахлоқӣ, ба мисли танфурӯшӣ, фоҳишагарӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ ва фасодхонаҳо изҳори нигаронӣ кардааст.

Маҳбуба Гулова, масъули сомонаи вазорати умури дохила рӯзи 5-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи фаврӣ Рамазон Раҳимзода дар баробари ҷиноятҳои ахлоқӣ аз мавридҳои хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ изҳори нигаронӣ намуда, зикр кардааст, ки минбаъд тамоми шахсоне, ки бо ҷиноятҳои ахлоқӣ дастгир карда мешаванд, дар қайди махсуси вазорати корҳои дохилӣ, ҳамзамон ба тариқи электронӣ бо расмҳояшон дар қайд гузошта мешаванд.

Вазири корҳои дохилӣ аз зиёд шудани ҷиноятҳои ахлоқӣ дар ҷомеа изҳори ташвиш намуда, аз сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдор ва кормандони масъули мубориза бар зидди чунин ҷиноятҳо, талаб кард, ки мубориза дар ин роҳ таҳким бахшида шавад.

Ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ дастур додааст, ки шахсоне бо ҷиноятҳои ахлоқӣ ва кирдорҳои бадахлоқона дастгир карда мешаванд, барои муайян намудани касалиҳои ВИЧ-СПИД, оташак (сифилис), сӯзок (гонорея) ва бемориҳои ноаён, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, аз муоинаи тиббӣ гузаронида шаванд. Ин манбаъ афзуд изи ангуштони ингуна ашхос гирифта шуда, дар қайди махсуси вазорати корҳои дохилӣ гузошта шаванд.

Ғайр аз ин, вазири корҳои дохилӣ супориш додааст, ки дар ҳамаи ноҳияҳо бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва муайян намудани шахсоне, ки ба фоҳишагӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ, хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, ташкил ва нигоҳдории фасодхонаҳо даст мезананд, рейдҳои махсус ташкил ва гузаронида шавад.

Рамазон Раҳимзода ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки «барои дар оянда мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, интихоби тарзи ҳаёти солим, пешгирии вайроншавӣ ва ҷудошавии оилаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйироту илова ворид карда шавад, то ки шаҳрвандон пеш аз оила барпо намудан, ба вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, ҳамсари ояндаи худро аз санҷиш гузаронанд.»

Аммо вазорати корҳои дохилӣ дар ин авохир омори махсусеро барои ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти шаҳвонидошта нашр накардааст.
XS
SM
MD
LG