Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади профессор Турсунов то ҳол ёфт нашудааст


Масъулини Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мегӯянд, ки ду ҳафта боз ҷасади профессор, доктори илми техникӣ Абдуқаҳҳор Турсунов, устоди днишгоҳро аз дарёи Варзоб пайдо накардаанд. Фузайл Сафаров, ёвари раиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистсон рӯзи 5-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он ки устодони донишгоҳ ва хешу табори профессор Турсунов дар мавзеъи Зиддии Варзоб кофтукоб доранд, вале ҷасадро пайдо накардаанд. Вай гуфт, ҳамакнун 14 рӯз аз ҳодисаи ғарқ шудан мегузарад, вале натиҷае нест.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷустуҷӯи ҷасади профессор Турсунов аз тарафи наҷотбахшҳои ситоди Варзоб идома дорад. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд,рӯзи 24-уми май, вақте балони автомашинае, ки дар он профессор Абдуқаҳҳор Турсунов ҳам буд, мекафад, мувозинати мошин гум шуда ба дарё сарозер мешавад.

Вай гуфт, дар нуқтае, ки ин мошин сарозер шудааст ҷараёни об хеле тез буда кори ғаввосон ва наҷотбахшҳоро мушкил кардааст. Вале кофтукоб то замони ёфт шудани ҷасади устоди донишгоҳ идома хоҳад кард.

Рӯзи 24-уми май Умед Бақоев, ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-3102», ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти деҳаи Зидии ноҳияи Варзоб, дар километри 47-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи «Варзоб» сарозер шуд. Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур - Абдулаҳад Оев, проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Турсунов Абдуқаҳҳор, декани ин донишгоҳ ва Сангинов Облоқул, ҳама сокинони шаҳри Душанбе дар дарёи Варзоб ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд.

Гуфта мешавад, ки худи ронанда Умед Бақоев ва меҳмони онҳо шаҳрванди Русия, Владимир Кашуба, проректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Братск, истиқоматкунандаи вилояти Иркутск, аз ин садама ҷон ба саломат бурдаанд.
XS
SM
MD
LG