Пайвандҳои дастрасӣ

Башор Асад боз раисиҷумҳури Сурия интихоб шуд


Башор Асад бори дигар раисиҷумҳури Сурия интихоб шуд. Дар ин бора шоми чаҳоршанбе раиси парлумони кишвар Муҳаммад Ҷиҳод ал-Лаҳам хабар дод ва гуфт, ки аз номзадии сарвари давлат 89 дар сади интихобкунандагон пуштибонӣ кардаанд. Ду номзади боқимонда дар маҷмӯъ камтар аз 10 дар сади раъйҳоро соҳиб шуданд.

Дар овоздиҳӣ, ки рӯзи 3 июн фақат дар манотиқи таҳти назорати ҳукумат баргузор шуд, 73 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат доштанд.

Мухолифини мусаллаҳи Димишқ баргузории интихобот дар кишвари гирифтор ба ҷанги шаҳрвандиро “мазҳака” номиданд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, ки айни ҳол дар Лубнон қарор дорад, изҳор намуд, интихобот чизеро дар Сурия тағйир нахоҳад дод ва дар кишвар “низоъ, террор ва куштор боқӣ мондааст”.

Дар Сурия се сол боз ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад ва дар ин муддат беш аз 150 ҳазор кас ҷон бохта, миллионҳо нафар ба дигар кишварҳо фирор карданд.
XS
SM
MD
LG