Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори се корманди полис дар шарқи Канада


Дар шарқи Канада шоми чаҳоршанбе, 4 июн, се корманди полис кушта ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар раёсати полиси шаҳри Монктони вилояти Ню-Брансуик хабар доданд, ки дар ҳамла сокини 24-солаи маҳаллӣ Ҷастин Бурк гумонбар мешавад ва ҷустуҷӯи ӯ идома дорад.

Мақомоти шаҳр аз сокинони Монктон даъват карданд, ки тайи идомаи амалиёти ҷустуҷӯ манзилҳои худро тарк накунанд.

Соли 2005 дар вилояти Алберти Канада чаҳор корманди полиси аспсавор ҳадафи тир қарор гирифта буданд.
XS
SM
MD
LG