Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умедвории Эмомалӣ Раҳмон аз президенти нави Афғонистон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кардааст, ки баъд аз интихоби президенти нави Афғонистон ҳам ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар фазои «дӯстӣ ва ҳамкорӣ» идома хоҳад кард. Ин суханонро Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмонӣ, ки имрӯз 5-уми июн дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, гуфтааст. Аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд, ки дар мулоқот раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, “пас аз интихоб шудан ва ба иҷрои вазифаҳо шурӯъ намудани Президенти нави Афғонистон дар раванди равобити дуҷониба идомат комилан боқӣ монда, муносибатҳои ҳусни ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари мо боз ҳам густариш ва таҳким хоҳанд ёфт”.

Дар мулоқоти Раҳмон бо Усмонӣ таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду савдо, энержӣ ва нақлиёту роҳсозӣ зоҳир гардидааст. дар ин мулоқот ҷонибҳо аз фаъолияти босамари хатти барқии 220-киловолтаи Сангтӯда-Пули Хумрӣ изҳори қаноатманӣ намуда, таъкид бар он доштанд, ки барои татбиқи босамари лоиҳаи сохтмони хатти барқии 500-киловолтаи CASA-1000 низ дар ҳамоҳангӣ ҷаҳду талош бояд кард. Ҳамчунин сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, кашидани лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва татбиқи босамари дигар лоиҳаҳои минтақавиии зербиноӣ масоили дигари ин мулоқот будаанд.
XS
SM
MD
LG