Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин сабаби болоравии сафари Ҳаҷ-2014-ро шарҳ дод


Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон сабаби аслии баланд шудани нархи имсолаи сафари Ҳаҷро ба болоравии қурби доллар рабт дод. Аз кумитаи оид ба корҳои дин рӯзи 5-уми июн хабар доданд, ки арзиши хизматрасониҳо дар мавсими Ҳаҷ-2014 18164 сомнӣ ё муодили 3 600 долларро ташкил медиҳад, яъне ҳудуди 108 доллар аз нархи соли гузашта гаронтар. Ин дар ҳолест, ки нархи ҳаҷ дар соли гузашта 17625 сомониро ташкил медод. Сабаби дигари болоравии нархи сафари Ҳаҷро инчунин, дар таъмини суғуртаи зоирон шарҳ доданд, ки имсол аз ҷониби кумита ба роҳ монда шудааст. Ин манбаъ афзуд, ба маблағи 18164 сомонӣ нархи чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), маблағи равоид (боҷи шоҳӣ), иҷораи меҳмонхонаҳо дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, се маротиба хӯрок дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, суғурта, кӯмаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди бемориҳои сирояткунанда, ҷузвдон, сару либос ва ғайраҳо дохил мешаванд.
XS
SM
MD
LG