Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 июн пажуҳишгоҳи Фаронса дар Тошканд баста мешавад


Пажуҳишгоҳи Фаронса дар Тошканд фаъолияти худро дар Узбакистон 30 июн бозмедорад. Сафорати Фаронса 3 июн дар Тошканд гуфт, ки ин кор бино ба дархости мақомоти Узбакистон сурат мегирад. Дар бораи сабабҳои бастани ин пажуҳишгоҳ чизе гуфта намешавад.

Бино ба гуфтаи сафорати Фаронса,”акнун намояндагии дипломатӣ дар чаҳорчӯбаи имконоти худ мардуми Узбакистонро бо забону фарҳанги Фаронса ошно хоҳад кард”.

Пажуҳишгоҳи Фаронса, ки то соли 2011 бо номи Маркази Виктор Ҳюго шинохта мешуд, аз соли 2002 дар Тошканд фаъолият мекард. Ин марказ давраҳои омӯзишии забони фаронсавӣ, тадбирҳои фарҳангӣ доир мекард ва дар бораи барномаҳои таълимӣ ҷои кор ва пажуҳишгоҳҳо дар Фаронса маълумот нашр мекард.
XS
SM
MD
LG