Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Амрико дар паҳлӯи Украина хоҳад истод


Обама ва Порошенко

Обама ва Порошенко

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико Петро Порошенко-раиси ҷумҳури мунтахаби Украинаро барои раҳбарӣ дар ин кишвар дар давраи нооромиҳо дар шарқи Украина “интихоби оқолона” арзёбӣ кард. Вай гуфт, ки Амрико дар канори Украина хоҳад истод. Обама таъкид кард, ки Украина бояд озод бошад ва худаш ояндаи худро интихоб кунад.

Обама зимни суханони худ бо рӯзноманигорон баъд аз мулоқоташ бо Порошенко 4 июн дар Варшава гуфт, ки ҳар ду ҷониб роҳҳои омӯзиш додани низомиёни Украина, нируҳои интизомӣ ва роҳҳои коҳиши пойбандии Украина ба гази Русияро баррасӣ кардаанд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки онҳо нақшаҳои барқарории сулҳ ва рушди иқтисоди Украинаро баррасӣ кардаанд.

Порошенко ба мақомоти Амрико изҳори сипос намуд, ки дар марҳилаи бӯҳронӣ ба Украина кӯмак кардаанд, дар марҳилае, ки ҷудоихоҳони мусаллаҳи ҳаводори Русия баъзе манотиқи шарқи Украинаро ба тасарруфи худ даровардаанд,

Обама ва Порошенко дар маросимҳои 25 солагии нахустин интихоботи демократии Полша ширкат меҷӯянд.
XS
SM
MD
LG