Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарусадоҳо дар атрофи рухсатии раиси пулиси Бадахшон


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба рухсатии меҳнатӣ рафтани сардори раёсати корҳои дохилии Бадахшон Файзулло Нозимов ба ҳеҷ сурат фирор аз ҷараёни тафтишоти ҳаводиси ахири Хоруғ нест. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати умури дохилии рӯзи 4 июн ба "Озодӣ" гуфт, ки ба рухсатии меҳнатӣ баромадани сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахшон Файзулло Нозимов аз рӯи тартиби ҳамин вазоратхона ва бо пеш омадани зарурат сурат гирифтааст. Вай афзуд, ки дар ҳолати набудани сардори раёсат, муовини аввали ӯ ба ҳар масъалае, ки пеш меояд, посух хоҳад дод ва дар сурати зарурати бештар, сарфи назар аз он, ки Файзулло Нозимов дар рухсатии меҳнатӣ аст, даъват карда хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон аз ба рухсатии меҳнатӣ рафтани сардори корҳои дохилии вилоят Файзулло Нозимов дар рӯзҳое, ки тафтишоти нооромиҳои 21-24 май идома дорад, изҳори нигаронӣ карда буд. Алим Шерзамонов, узви ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, дар рӯзҳое, ки пурсиши кормандони милиса сар шудааст, сардори раёсати корҳои дохилӣ бо баҳонаи рухсатии меҳнатӣ вилоятро тарк кардааст. Вай бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, ки ҳузур надоштани сардори Раёсати корҳои дохилӣ, ки худ шоҳиди амали кормандони умури дохила дар рӯзҳои норомиҳо буд, метавонад ҷараёни шаффофи тафтишотро хатшадор кунад. Ин дар ҳолест, ки кормандони Додситонии кулл дар доираи кумиссюни муштарак кормандони милисаро ҳамчун шоҳиди айнии норромиҳо мавриди пурсиш қарор дода, сабаби аслии сар задани нороимҳо ва дар лаҳзаҳои эътирози мардум аз кадом ҷониб тиркушоӣ шуданро рӯшан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG