Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як рустои Чеченистон 109 нафар бистарӣ шуданд


Мақомоти ҷумҳурии Чеченистони Русия мегӯянд, ки расидагӣ ба бемории дастаҷамъона дар ноҳияи Нозҳай Юртро оғоз кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки 109 нафар сокинони рустои Ишхой Юрт, ки 26 нафари онҳо кӯдакон мебошанд, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Шаҳид Аҳмадов-вазири беҳдошти Чечнистон 4 июн гуфт, ки ҳоло чизе гуфтан дар бораи сабаби дақиқи ин беморӣ зуд аст, вале дар шаҳри Грозний эълон кардаанд, ки аз водопровод ё ширдон об нанушанд.

Рамзан Қодиров-раиси ҷумҳури Чеченистон қотеона эълон кард, ки сабаби ин беморӣ олуда кардани об будааст. Қодиров кумиссиюни вижае ташкил кардааст ва ин кумиссиюнро барои расидагӣ ба ин қазия Абубакар Эделгириев-нахуствазири Чеченистон раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG