Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Григорий Карасин сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт


Муовини вазири умури хориҷии Русия Григорий Карасин рӯзи сешанбе, 3 июн, сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторовро ба ҳузур пазируфт. Ба иттилои Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, мансабдори воломақоми рус дипломати тоҷикро бо симати нав табрик гуфт ва изҳори умедворӣ намуд, ки дар фаъолияташ ба рушду таҳкими робитаҳо миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Имомуддин Сатторов дар навбати худ изҳор намуд, ки ӯ барои таҳкими робиаҳои стратегии дуҷониба аз гомҳои муассир кор хоҳад гирифт. Дипломати тоҷик ба Григорий Карасин нусхаи ваколатномаи сафири мухтор ва фавқулоддаи Тоҷикистон дар Русияро супурд.

Имомуддин Сатторов, ки солҳои тулонӣ сафири Тоҷикистон дар Олмон буд, аз охири моҳи гузашта ба ифои вазифа дар мақоми сафири кишвар дар Маскав пардохт.
XS
SM
MD
LG