Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 181 нафар дар амалиёт дар шарқи Украина


Бар асари амалиёти низомӣ дар шарқи Украина 181 нафар, аз ҷумла, 59 афсару сарбози ҳукуматӣ ба ҳалокат расида, 293 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Олег Махнитский, кафили Додситонии кулли Украина, рӯзи сешанбе, 3 июн, хабар дод, ки ин фақат талафот дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск мебошад. Ӯ афзуд, ки одамон бар асари фаъолияти террористӣ ҷон бохтаанд. Дар мавриди он ки чӣ теъдод аз кушташудагон сокини осоишта буданд, иттилое нест.

Аз ин пеш мири худхондаи шаҳри Славянск Вячеслав Пономарёв изҳор карда буд, ки бар асари даргириҳо тақрибан 650 тан аз низомиёни украинӣ кушта шудаанд. Аммо Киев ин хабарро рад кард.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи сешанбе дар канори шаҳри Славянск даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳони рустабор идома карданд.
XS
SM
MD
LG